ВОХӮРӢ БО САРДОРОНИ РАЁСАТ, МУДИРОН ВА КИТОБДОРОНИ ШУЪБАҲОИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

9 январи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин бо сардорони раёсат, мудирон ва китобдорони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ ва кормандони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳия ва нашр намудани адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҳамзамон, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тадбирҳои муайян андешида шуда истодааст.

Қайд гардид, ки мақсад аз баргузор намудани вохӯрии имрӯза низ бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, махсусан, дар самти таъминоти адабиёти таълимӣ, аз байн бурдани норасоӣ ва назорати пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ мебошад.

Дар идома оид ба тартиби ҳуҷҷатгузории низоми иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва пурра назорат намудани низоми пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ суханрониҳо сурат гирифт.