Имрӯз, 31 декабри соли 2025 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷаласаи васеи раёсати Донишкада баргузор гардид, ки дар он ҳайати устодон ва кормандони Донишкада иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, гузориши муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ методӣ Абдусаттор Наҷмиддиниён оид ба вазъи татбиқшавии «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар Донишкаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф шунида шуд. Ҳамзамон, гузориши сардори раёсати кадрҳо ва котибот Манучеҳр Ҳабибзода «Оид ба интизоми меҳнат ва ҳолати ба рухсатии меҳнати баромадани кормандони Донишкада» пешниҳод гардид.
Баъдан аз ҷониби ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода устодону кормандоне, ки дар соли ҷорӣ дар фаъолияти корӣ саҳми назарраси худро гузошта, бенуқсон фаъолият намудаанд ва аз рӯйи номинатсияҳои озмуни «Ҳамқадами маорифи муосир», ки ҳамасола дар Донишкада ва филиалҳо баргузор мегардад, ҷамъбаст намуда, ғолибонро бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуд. Ҳамин тавр дар номинатсияи:
1.Муаллифи беҳтарини барномаҳои таълимӣ (барои таҳияи маводи мукаммали таълимии курсҳои такмили ихтисос) Неъматова Бибиқанд;
2.Кафедраи беҳтарин (барои самти фаъолият, ташкилу баргузории курсҳои такмили ихтисос ва корҳои илмию-эҷодӣ) Раҳматшоев Исфандиёр — мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф;
3.Омӯзгори беҳтарин Мадвафоев Мамадшо-омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ;
4.Лаборанти беҳтарин (барои самти фаъолият ва саҳми арзанда дар ташкилу баргузории курсҳо, ҳуҷҷатгузории кафедра) Гадоева Гавҳар;
5.Беҳтарин методисти сол (барои таҳияи барномаҳои таълимии инноватсионӣ) Ҷумахонова Манучеҳра;
6.Беҳтарин мақолаи илмӣ-методӣ (барои чопи маводи илмӣ, ки таҷриба ва методикаҳои муосирро дар бар мегирад) Рустамшозода Шаҳбоз-директори филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоб;
7.Тарғибгари беҳтарин Лутфуллозода Сино;
8.Китобхони беҳтарин дар соли 2025 Раҷабов Шамсуддин;
9.Ташкилотчии беҳтарини курсҳои такмили ихтисос (барои ташкили самараноки курсҳо ва чорабиниҳо) Комилов Субҳониддин;
10.Шарики рушди беҳтарин: (барои ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи маориф дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон):
-Азатуллозода Нарзия-менеҷери лоиҳаи Муҳити таълим асоси тахсилоти босифат;
-Асрорзода Абдулло-менеҷери лоиҳаи СМРМ марҳилаи 2 БИР;
-Наоко Хосака-роҳбари бахши маорифи Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ;
-Штефан Зиверт-роҳбари лоиҳаи Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Товикистон;
-Кидиралиева Айчан-ҳамоҳангсози лоиҳаи ЮНЕСКО;
-Дастумбоев Назархудо-ҳамоҳангсозии лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Кабдыкаримова Жанбота-муовини рохбари Мактабҳои зеҳнии Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон;
-Лазаренко Ирина ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия;
-Валиҷонбекова Шаҳноза-ҳамоҳангсози барномаҳои маорифи Бонки исломи рушд;
-Қурбонов Ҷамшед ва Шодибекзода Аторуд-кормандони бахши маорифи Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ;
-Алиев Асрор-сармутахассиси лоиҳаи Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат.
11.Мактаби такягоҳии беҳтарин (барои ҳамкорӣ дар мактабҳои базавӣ) Чоршанбезода Умед-директори муассисаи таълимӣ барои наврасон ва калонсолони назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гулшанова Ҳоҷарой — директори МТМУ №65;
12.Муассисаи беҳтарин дар самти ҳамкорӣ бо Донишкада (барои ҳамкорӣ ва ташкилу баргузории чорабиниҳо) Султонзода Нигора-директори маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе;
13.Шунавандаи эҷодкор (барои таҳияи пешниҳодҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ) Сайфудлиновп Парвина — мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №18;
14.Шунавандаи ташаббускор (барои иштироки фаъолона дар муҳокимаҳо ва машғулиятҳои амалӣ) Олимовм Нодира — омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик МТМУ №95 шаҳри Ваҳдат;
15.Шунавандаи фаъоли сол (барои иштироки фаъолона дар курсҳои такмили ихтисос ва пешниҳоди ғояҳои нав) Азизов Ҳусейн-омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №2 ноҳияи Лахш;
16.Фаъолтарин тренер оид ба саводнокии рақамӣ (барои омӯзиши технологияи муосир ба омӯзгорон) Умедҷони Файзалӣ — муовини директор филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе;
17.Беҳтарин ҳамкори гурӯҳ (барои саҳми назаррас дар кори дастаҷамъона) Ҳабибзода Манучеҳр — сардори раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкада;
18.Мутахассиси ҷавони ояндадор (барои омӯзгорони ҷавон, ки натиҷаҳои назаррас доранд) Ташрипов Лутфулло — танзимгари раёсати корҳои таълимӣ-методӣ;
19.Барои таҷриба ва саҳми бисёрсола дар соҳаи маориф (ба шахсоне, ки дар синни нафақа ҳастанду дар Донишкада баробари ҷавонон кору фаъолият менамоянд) Девоншоева Тӯтихон-омӯзгори калони кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
20. Корманди беҳтарини техникӣ (фаррош, посбон, ҳавлирӯб) Ниёзова Саломат-фарроши Донишкада;
21.Ҷиҳати иҷрои Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус барои соли 2025 ва татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025:
-Нигматова Фирӯза-мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода;
-Мусоев Раҳим-мудири кабинети методии раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ;
-Воҳидов Аҳлиддин-мудири Маркази методии раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат;
-Аброров Турабек-мудири маорифи ноҳияи Лахш ҳамчун беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



