РОҲАНДОЗӢ ГАРДИДАНИ НИЗОМИ МУОСИРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол дар ҳоли рушд қарор дорад, ки инро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мушоҳида кардан мумкин аст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомузӣ ва ҳарчӣ бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад».

Бояд, иброз намуд, ки омӯзгори муосир ба омӯзиши роҳу усулҳои навини тадрис эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ барои такмили маҳорати касбии он бояд нақшаву барнома ва маводди иловагӣ дар шаклҳои навин таҳия гардад, ки талаботи ӯро қонеъ гардонида тавонад. Чун дигар он нақшаву барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, ки аз солҳои пеш бозмонда буданд, ба ниёзи омӯзгори муосир ҷавобгӯ нестанд.

Аз ин рӯ, роҳбарияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тасмим гирифт, ки дар низоми такмили ихтисоси омӯзгорон навгонӣ ва шаклҳои муосири таълиму тадрис бо усулҳои навин аз рӯйи барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шавад.

Дар ин самт, коре, ки аввалтар аз ҳама анҷом дода шуд, ҳамчун дурнамои рушди Донишкада соли 2024 «Стратегияи рушди Донишкадаи ҷуҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифт. Мақсад аз таҳияи Стратегияи мазкур ин пеш аз ҳама, таъмини дастрасии такмили ихтисоси муттасилу муосир ва таъмини рақобатпазирии фаъолияти педагогии кормандони соҳаи маориф буда, аз ҳадафҳои зерин: дастрасӣ ба рушди муттасили касбии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, таъмини сифат ва самаранокии такмили ихтисос, рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, тақвияти низоми идоракунӣ ва маблағгузории такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иборат мебошад.

Дастрасӣ ба рушди муттасили касбии кормандони соҳаи маориф аз ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳа тақозо мекунад, ки мунтазам ва пайваста ба худомӯзӣ ва такмили маҳорати касбии худ бо истифода аз шаклҳои муосири такмили ихтисос машғул шаванд.

Ҷиҳати андешидани тадбирҳои доимӣ дар самти бозомӯзии касбии омӯзгорон ва дар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо соли 2024 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйир ворид гардида, гузаштан аз курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ дар се сол як маротиба роҳандозӣ карда шуд (аз панҷ сол ба се сол).

Ҳамзамон, аз ҷониби Донишкада ҷиҳати аз байн бурдани норасогии мураббиён ва омӯзгорони ғайритахассусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ соли 2025 ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» оид ба бозомӯзии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф тағйироту иловаҳо ворид гардид. Дар асоси қонунҳои мазкур аз ҷониби Донишкада «Тартиби бозомӯзии кормандони соҳаи маориф», «Тартиби курсҳои такмили ихтисос» ва зиёда аз 10 санади меъёрии локалии соҳа таҳия ва тасдиқ гардид. Фаъолиятҳои мазкур бо назардошти пешравиҳои ҷаҳони муосир, имкони ҳар чӣ зудтар дастрасӣ ба таҳсилот ва тахассусӣ навро барои омӯзгорони собиқдори ғайриихтисос медиҳад.

Ҳамзамон, тибқи Стратегияи рушди донишкада дар самти дастрасӣ ба такмили ихтисос то соли 2030 шаклҳои зерини такмили ихтисос: классикӣ-рӯзона (анъанавӣ), омехта, фосилавӣ, дуалӣ ва худомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд. Айни замон, дар Донишкада шаклҳои классикӣ ва омехта роҳандозӣ гардида истодааст. Танҳо дар соли 2025 зиёда аз 12 фоизи курсҳо бо тариқи омӯзиши омехта баргузор карда шуд. Барои омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик ва математика барномаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши омехта ва фосилавӣ дар платформаи Мoodle таҳия гардида истодаанд, ки соли 2026 ба таври омӯзиши роҳандозӣ мегардад. Инчунин, зиёда аз 25 фоиз курсҳо тариқи омӯзиши омехта ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ба роҳ мондани такмили ихтисос дар шакли дуалӣ таҷрибаи муассисаҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, лоиҳаи барномаи намунавӣ мавриди коркард қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2025 маротибаи аввал дар ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасӣ ба такмили ихтисос курсҳои нав:

— барои лабарантҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

— барои омӯзгорон ва кормандони зинаи таҳсилоти иловагӣ;

— барои мураббиён ва кормандони марказҳои инкишофи кӯдак;

— барои омӯзгорон ва кормандони марказҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм;

— барои омӯзгорон ва кормандони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо;

— вобаста ба солимии равонӣ барои кӯдакон ва оилаҳои таҳти таъсири муноқиша қарор дошта;

-барои омӯзгорони кӯдакони ақлан заиф (олигофренопедагогика);

— барои кӯдакони нобино ва сустбин (тифлопедагогика);

— барои кӯдакони норасоиҳои нутқидошта (логопедия)

-барои кӯдакони норасоиҳои шунавоидошта (судропедагогика);

— барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (бо назардошти низоми таҳсилоти фарогир) ташкил карда, нақша ва барномаҳои таълимии онҳо таҳия ва тасдиқ гардида, пешбурди раванди таълим дар онҳо ба роҳ монда шуд.

Дар самти таъмини сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисос бо мақсади таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос Донишкада бо як қатор муассисаҳои такмили ихтисоси кишварҳои пешрафта, аз ҷумла: Маркази маҳорати педагогӣ ва Мактаби зеҳнии Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия, муассисаҳои таълимии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон Қирғизистон, Қазоқистон, Эфиопия ва ғайра дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддоштҳои тафоҳуми ба имзо расида, таҷрибаомӯзиро ба роҳ монда, нақшаву барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисосро дар шаклҳои нав мавриди коркард қарор дод.

Дар солҳои 2024-2025 дар асоси таҷрибаҳои омӯхташуда маҷмуи барномаи таълимӣ-методӣ намунавии курсҳои такмили ихтисос (дар мисоли омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик) аз ҷониби мутахассисони Донишкада таҳия гардид, ки он аз қисмҳои зерин: барномаи таълимӣ, модули таълимӣ, роҳнамо барои тренер, презентатсияҳо (рӯйнамо), маводи тақсимотӣ ва вазифаҳо барои муайян намудани сатҳи ноилшавӣ ба натиҷаҳои интизорӣ (барои омӯзгорон) иборат мебошанд. Пас аз коркарди маводди мазкур соли 2025 он дар курсҳои такмили ихтисос дар шакли пилотӣ аз озмоиш гузаронида шуда, натиҷаҳои мусбиро нишон дод.

Пас аз озмоиш барномаҳои зерин дар шакли модулӣ, ки аз ҷониби омӯзгорони Донишкада ва мушовирони байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаҳо ва шарикони рушд курси такмили ихтисос барои омӯзгорони фанҳои физика ва астраномия, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, математика, забони тоҷикӣ, география, таърих, забони русӣ, забони англисӣ, директорони МТМУ ва мушовирони раёсату шуъбаҳои маориф таҳия гардида, соли 2025 аз озмоишҳо гузаронида шуданд. Ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзишҳо 147 нафар омӯзгорони Донишкада ҳамчун тренер аз ҷониби тренерони сатҳи байналмилалӣ аз омӯзиш гузаронидашуда, соҳиби сертификатҳо гардиданд. Тибқи нақша дар соли 2026 пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯйи ин барнома-модулҳо барои зиёда аз 30 фоизи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳои Донишкада бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо омӯзгорони Донишкада барномаҳои муштараки таълимии курсҳои такмили ихтисоси «Таҳсилоти томактабӣ: таҳлили равишҳои инноватсионӣ дар амалияи омӯзгорӣ», «Таҳсилоти фарогир дар мактаб: таҳлили равишҳои инноватсионӣ», «Ташкили кор бо кӯдакони лаёқатманд дар мактаб: таҳлили равишҳои инноватсионӣ дар амалияи омӯзгорӣ», фанҳои забони русӣ, география ва муовинони директор оид ба таълим таҳия гардида, дар асоси он омӯзгорон ва муовинони директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Данғара дар маҷмуъ зиёда аз 750 нафар аз омӯзишҳо гузаронида шуданд.

Соли 2025 дар ҳамкориҳо бо Шурои Бритониё ва Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир дар доираи татбиқи лоиҳаи «Омӯзиши босуръати забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» (AELLCA) курси омӯзишии такмили маҳорати касбии 5 рӯза барои 29 нафар омӯзгорон гузаронида шуда, ҳамаи онҳо ҳамчун тренер соҳиби сертификат гардиданд. Дар асоси маводи мазкур соли 2026 зиёда аз 1000 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ аз ҷониби тренерони Донишкада дар доираи ин барномаи таълимӣ аз омӯзишҳо гузаронида мешаванд.

Дар самти рақамикунонии низоми такмили ихтисос, дар Донишкада 4 платформаи рақамӣ (Moodle, Takmil, ОmuzgorPRO ва СИРКО) коркард гардидааст. Дар платформаи СИРКО зиёда аз 23978 нафар омӯзгорон ва 1513 нафар роҳбаладон ба қайд гирифта шудааст.

Платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардида, ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Татбиқи платформаи мазкур дар низоми муосири такмили ихтисос муҳим мебошад. Дар платформа ҳамаи маводи таълимӣ, нақшаву барномаҳо, маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои омӯзгорони навовару эҷодкор гузошта шудааст. Илова бар ин барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ нақша ва барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисос бо назардошти зеҳни сунъӣ таҳия ва тасдиқ гардид.

Бахшида ба 90 солагии Донишкада шумораи нахустини маҷаллаҳои соҳавии «Омӯзгор ва замон» ва «Омӯзгори муосир» ба нашр расонида шуда, шакли электронии онҳо дар сомонаи Донишкада www. takmili-ihtisos.tj ва филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе www.omuzgor.tj гузошта шуданд.

Айни замон, дар Платформаи Мoodle барои омӯзиши омехта аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика модулҳо омода гардида истодааст. То охири сол омӯзишҳо ба роҳ монда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва кормандон аз истеҳсолот дур нагардида, маҳорати касбии худро такмил диҳанд, ки яке аз шаклҳои муосири такмили маҳорати касбӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, соли 2025 ҷиҳати рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар Донишкада дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия барои 10 нафар кормандони Донишкада дар доираи барномаҳои «Роботатехника» ва «Ҳавопаймоҳои бесарнишин дар низоми таълими муттасили педагогика» курси омӯзишӣ баргузор гардидМутахассисони Донишкада айни ҳол ҳамчун тренер фаъолият намуда, дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос оид ба истифодаи «Робототехника» ва «Ҳавопаймоҳои бесарнишин дар низоми таълими педагогика» машғули кор ҳастанд.

Дар самти тақвияти низоми идоракунӣ ва маблағгузории такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф давоми солҳои 2024-2025 сохторҳои Донишкада таҷдиди назар гардида, бо назардошти талаботи замони муосир, таҷрибаи муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафта ва имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва талаботи ҷомеа зиёда аз 30 санадҳои меъёрии ҳуқуқии локалии самти такмили ихтисос таҷдиди назар, таҳия ва мавриди корбарӣ қарор доданд.

Ҳамин тавр, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он бо мақсади беҳтар намудани вазъи такмили ихтисоси омӯзгорон, самаранокии курсҳо, тибқи нақша фаро гирифтани шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос ва бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои дар низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ҷойдошта бо дарназардошти талаботи замони муосир аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор додааст.

Ректор

Наврӯз Мирзозода