Дар Донишкада бо мақсади рақамикунонии курсҳои такмили ихтисос ва сохтану гузоштани онҳо дар платформаҳо иқдомҳои созанда рӯйи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, пас аз анҷоми машғулиятҳо омӯзгорон дар платформаи МУДЛ сохтани курс ва ҷойгиркардани маводи таълимиро амалан дар платформа анҷом медиҳанд. Имрӯз, низ барои курсҳои такмили ихтисос аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва математика, ки китобҳои насли нав мебошанд, чунин машғулиятҳои амалан анҷом дода шуданд.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



